ҲАМОИШ: ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик. М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш таҳти унвони "Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат" баргузор шуд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, донишҷӯён ва устодони ҷавонро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Таъкид шуд, ки ҳар як кишвар дар ҷаҳон барои рушд, гулгулшукуфоӣ ва таҳкими давлатдорӣ, обрӯ ва нуфузи олии худ, дар навбати аввал ба зеҳну хирад, нерӯи созандаи ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони худро ба он алоқаманд менамояд. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии он дар баробари нерӯи демократӣ ва давлатӣ, стратегияи рушд ва ояндаи мамлакатро муайян менамояд. Ҷамъият ва кишваре, ки ба тарбияи дурусти насли наврас, инкишофи маърифати зеҳнии онҳо, серҳаракатии ҷавонони худ, дар онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ҳимояи марзу буми кишвар аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад, ба гумон аст, ки дараҷаи баланди тараққиётро соҳиб шавад. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони мо воқеан ҳамчун як нерӯи бузурги созандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавони ояндасози миллат ба яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумат табдил ёфтааст.
Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар такя намуда, онҳоро умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат ном мебаранд.
Дастовардҳои имрӯзаи ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла илму истеҳсолот, фарҳанг, варзиш, хизмати ҳарбӣ, инноватсияву технология ва дигар соҳаҳо боиси ифтихор аст.
Ҷавонон - донишҷӯёни Донишкадаи политехникӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат садоқати худро бо дастовардҳои назаррас собит менамоянд, ки иштироки фаъолонаи донишҷуёни донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Шоҳномахонӣ”, олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ҷавонони донишкада ба ҳисоб мераванд
Таъкид шуд, ки ҷавонмардона ва шердилона ба адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидани наздик 200 нафар хатмкунандагони донишкада садоқати ҷавонони моро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон инъикос менамояд, ки боиси ифтихору сарфарозист.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҷавонони мо бо дарки рисолати хеш, андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона баҳри пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишвар саҳм мегузоранд.
Сипас Фирдавс Фахриддинзода муовини сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфт.
Дар анҷоми расмии ҳамоиш як қатор ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олипиадҳои байналмилалӣ, иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои сиёсӣ аз тарафи раёсати донишкада қадршиносӣ шуданд.
Барномаи рангини ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО