ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА ДАР РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУҶАНД ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 25 000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки дар он донишҷӯёну устодони донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Роҳпаймоии идона таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат!» доир шуда, дар он ҷавонон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз назди маҷмааи «Истиқлол» то Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ карданд.
Бояд таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва пешрафти кишвар нақши муҳим доранд. Дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил, фаъолият ва рушди зеҳниву ҷисмонии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ифтихори миллӣ сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО