ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ БОНУВОНИ ДОНИШКАДА ДАР СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа, бахшида ба 23-май, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, баскетбол байни занҳо ва волейбол байни мардҳо оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии он Мӯсобек Самизода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, Шероз Муминзода-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсаду мароми чорабинии мазкур ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни омӯзгорону кормандони шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад. Шероз Муминзода-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баромади худ зикр дошт, ки ин гуна чорабиниҳо барои оммавигардонии варзиш дар байни ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин байни устодону омӯзгорони саҳми намоён мегузорад.
Пас аз оғози расмии чорабинӣ бозии шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, баскетбол байни занон ва волейбол байни омӯзгорони шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид.
Дар спартакиадаи мазкур кормандон ва устодони Донишкада низ фаъолона иштирок доштанд. Дар бозии шашка байни омӯзгорзанҳо Моҳинисо Раҳматова, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика, дар бозии шохмот байни омӯзгормардҳо Комёр Зайлобиддинов, барномасози бахши таъминоти барномавӣ, дар бозии тениси рӯйи миз Шаҳодатхон Абдуллоева, ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ ва бар тбозии баскетбол байни занҳо даста аз Наргис Дӯсматова, омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ , Шоира Ибодуллозода, ассистенти кафедраи сохтмон Дилноза Тӯйчиева, танзимгари факултети муҳандисӣ-технологӣ ва Манижахон Бойматова мутахассиси бахши курсҳои тайёрӣ иштирок фаъолона намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқаи баскетбол байни занҳо дастаи донишкада ғолибият ба даст оварда,сазовори ҷойи якум шудаанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО